Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ва Хадамоти консулгарии ҶТ дар Маскав ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 43-солаи ноҳияи Рашт Эмомалӣ Одинаев ба ватан фиристода шуд.
Бино ба маълумоти намоядагии ХМ ҶТ дар Русия, Э.Одинаев дар вилояти Владимир зимни аз хатти роҳи оҳан гузаштан зери чархҳои қатора монда, бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил мегардад. Муддати як ҳафта ӯ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошта, ҳамин тариқ ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ,ҳамчунин ҳамон рӯз ҷасади шаҳрванди дигари Тоҷикистон, сокини 39-солаи ноҳияи Данғара Шарифҷон Мирзоалиев низ ба ватан фиристода шудааст. Ӯ аз бемории сактаи майна (инсулт) дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав фавтидааст.



