Интиқоли ҷасади боз ду муҳоҷири тоҷик ба ватан

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ва Хадамоти консулгарии ҶТ дар Маскав ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 43-солаи ноҳияи Рашт Эмомалӣ Одинаев ба ватан фиристода шуд. Бино ба маълумоти намоядагии ХМ ҶТ дар Русия, Э.Одинаев дар вилояти Владимир зимни аз хатти роҳи оҳан гузаштан зери чархҳои қатора монда, […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ва Хадамоти консулгарии ҶТ дар Маскав ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 43-солаи ноҳияи Рашт Эмомалӣ Одинаев ба ватан фиристода шуд.

Бино ба маълумоти намоядагии ХМ ҶТ дар Русия, Э.Одинаев дар вилояти Владимир зимни аз хатти роҳи оҳан гузаштан зери чархҳои қатора монда, бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил мегардад. Муддати як ҳафта ӯ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошта, ҳамин тариқ ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ,ҳамчунин ҳамон рӯз ҷасади шаҳрванди дигари Тоҷикистон, сокини 39-солаи ноҳияи Данғара Шарифҷон Мирзоалиев низ ба ватан фиристода шудааст. Ӯ аз бемории сактаи майна (инсулт) дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав фавтидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.