Дар 11 моҳ ҳаҷми ММД 6,8 млрд. $-ро ташкил дод

spot_imgspot_img

Дата:


Раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2012 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ин давра ба 32,6 млрд. сомонӣ (6,8 млрд. $) расида, суръати рушди воқеии он 7,5 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, гардиши савдои чакана 17,1 фоиз, хизматрасонӣ 14,5 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 9,8 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ 9,8 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Сатҳи таваррум раванди муътадилро нигоҳ дошта, дар давраи баррасишаванда 6,3 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 банди фоизӣ кам мебошад.

Таварруми ҳосилшуда асосан дар натиҷаи болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 9,6 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,2 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ 5,6 фоиз ба миён омад.

Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-ноябри соли равон сатҳи таварруми аслӣ 2,3 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,7 банди фоизӣ кам мебошад.

Баҳри нигаҳдории сатҳи муътадили ҳаҷми пул дар муомилот ва паст гардидани фишорҳои таваррумӣ, дар давоми моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ фишангҳои монетарии Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, ҷудо намудани қарзҳои пардохтпазирӣ, амалиёт дар бозори озод ва бозори асъор мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар ин давра меъёри бозтамвил тадриҷан аз 9,8 то 6,5 фоизи солона паст карда шуд. Ҳамзамон, меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод мешаванд, тағйир дода шуд.

Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, бо назардошти таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди қарздиҳӣ 2,0 банди фоизӣ паст карда шуда, барои пасандозҳо бо пули миллӣ дар сатҳи 5,0 фоиз ва асъори хориҷӣ 7,0 фоизи солона муқаррар гардиданд.

Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномаи монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар давраи ҳисоботӣ мунтазам афзоиш ёфта, ба санаи 30 ноябри соли ҷорӣ 4,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 26,2 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши мазкур аз таҳкими рушди иқтисодиёт ва устувории низоми бонкӣ гувоҳӣ медиҳад.

Популярное

Похожие материалы