СММ: Иқомати ҳамагӣ 5%-и тоҷикистониён дар манзилҳои дорои низоми обу корез

Дар гузориши дуюм оид ба фаъолияти экологии коршиносони Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ чунин хулоса мешавад, ки дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳамчунин мушкилоти истифодаву безараргардонии партовҳо аз ҷумлаи мушкилоти умдаи Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар гузориш зикр мегардад, ки сарфи назар аз захоири фаровони обӣ, танҳо сеяки аҳолии Тоҷикистон ба истифодаи оби хлоршуда тавассути […]

ASIA-Plus


Дар гузориши дуюм оид ба фаъолияти экологии коршиносони Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ чунин хулоса мешавад, ки дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳамчунин мушкилоти истифодаву безараргардонии партовҳо аз ҷумлаи мушкилоти умдаи Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки сарфи назар аз захоири фаровони обӣ, танҳо сеяки аҳолии Тоҷикистон ба истифодаи оби хлоршуда тавассути қубурҳо (водопровод) имкон доранд ва ҳамагӣ 5%-и шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар манзилҳои дорои низоми обу корез зиндагӣ мекунанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, мушкилоти таъминоти об тавъам бо таъмини номунтазами барқ бештар душвортар мегардад. Дар робита ба партовҳо зикр мегардад, ки ҷамъоварии партовҳои дурушт танҳо дар шаҳрҳо анҷом дода мешавад, ки дар онҳо 26%-и аҳолии кишвар иқомат дорад, аммо ҳатто ягона партовгоҳи шаҳри Душанбе ба меъёру талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест.

Дар идома баён мегардад, ки партовгоҳҳои маҳсулоти саноати истихроҷи кӯҳӣ ба солимии аҳолӣ таҳдид эҷод месозанд. Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон 54,8 млн. тонна партовҳои истихроҷи уран то ҳанӯз дар анборҳо ва партовгоҳҳои номусоид ва хатарнок нигоҳдорӣ мешаванд.

Муаллифони гузориш як қатор иқдомоти мусбат дар бахши қонунгузориро зикр намуда, дар соҳаҳои ҳифзи табиат, идоракунии захоири обӣ ва партовҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳифзи тандурустии аҳолӣ 47 тавсия пешниҳод кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд