Эмомалӣ Раҳмон доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлоно

Дар шаҳри Қуния Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Мавлоно ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Дар оғози мулоқот қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи Мавлоно доир ба сарфароз гардондани Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори ифтихории ин муассисаи бонуфузи илмию таълимӣ дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ қироат карда шуда, […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Қуния Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Мавлоно ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Дар оғози мулоқот қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи Мавлоно доир ба сарфароз гардондани Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори ифтихории ин муассисаи бонуфузи илмию таълимӣ дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ қироат карда шуда, шаҳодатномаи ин унвони ифтихорӣ ба ӯ тақдим гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба онҳо барои чунин қадршиносии олӣ арзи сипос карда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои Т оҷикистону Туркия, аз ҷумла дар бахшҳои илму маориф ва фарҳангу маънавиёт ҷаҳду талош мекунад.

Дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба нақши таълимоти ҷаҳоншумули Мавлоно дар рушди робитаҳои Тоҷикистону Туркия баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла таъкид гардид: “Мавлавии Рум боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мо ва умуман тамоми башарият аст. Ва ба яқини комил осори адабӣ ва фалсафию ирфонии ӯ минбаъд ҳам роҳи мову шуморо ба сӯи оянда мунаввар хоҳад кард. Рӯҳи бузурги Мавлавӣ дар ҳамбастагӣ бо пайвандҳои таърихии мардумони Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои хайрхоҳона ва созандаи кишварҳои моро низ шодоб менамояд”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд