Мусоидати ХМ бобати қатъи парвандаи ҷиноӣ нисбати муҳоҷир

Аввали моҳи декабр шаҳрванди Тоҷикистон Баҳодур Шарифов ба намояндагии Хадддамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки ахири моҳи сентябр кормандони пулиси шаҳри Пикалевои вилояти Ленинград ӯро ба гумони даст доштан дар сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт кардаанд. Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия, баъди як рӯз ӯро озод карда, […]

Аваз Юлдошев


Аввали моҳи декабр шаҳрванди Тоҷикистон Баҳодур Шарифов ба намояндагии Хадддамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки ахири моҳи сентябр кормандони пулиси шаҳри Пикалевои вилояти Ленинград ӯро ба гумони даст доштан дар сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт кардаанд.

Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия, баъди як рӯз ӯро озод карда, вале ҳуҷчатҳои иҷозати кор дар қаламрави Русияи шаҳрванди Тоҷикистонро гирифтаанд. Худи ҳамон рӯз дар шуъбаи пулиси ш.Пикалево нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба эътиқоди худи Шарифов бошад, ӯ ин ҳуҷатро ба таври қонунӣ аз Маркази ягонаи ҳуҷатҳои Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Санкт-Петербург дастрас намудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи андешидани тадбирҳо аз ҷониби намояндагии хадамоти муҳоҷират муайян карда шудааст, ки ҳуҷҷатҳои Б.Шарифов қонунӣ буда, ин далелро Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Санкт-Петербург тасдиқ намудааст.

«Аз рӯи ин ҳодиса ба унвони мақомоти раҳбарии пулиси шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград шикоят оварда шуда, дар натиҷа парвандаи ҷиноии беасос бозшуда нисбати ҳамватани мо қатъ карда шуд», – гуфта мешавад дар иттилои намояндагӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд