Қарзи иловагии Хазинаи ОПЕК ба бемористони Данғара

Чанде қабл дар Вена миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ Созишномаи қарзии иловагӣ дар робита ба лоиҳаи “Беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳри Данғара” ба имзо расид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз ҷониби Тоҷикистон Созишномаро сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ва аз ҷониби Хазинаи ОПЕК мудири кулл Сулейман Ал-Ҳербиш имзо […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Вена миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ Созишномаи қарзии иловагӣ дар робита ба лоиҳаи “Беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳри Данғара” ба имзо расид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз ҷониби Тоҷикистон Созишномаро сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ва аз ҷониби Хазинаи ОПЕК мудири кулл Сулейман Ал-Ҳербиш имзо намуданд.

Мувофиқи созишнома Хазинаи ОПЕК қарзи иловагиро дар ҳаҷми 2,8 млн. доллари ШМА барои таҷҳизонидани беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳри Данғара бо лавозимоти ҳозиразамон ҷудо менамояд.

Лоиҳаи зерин аз ҷониби Хазинаи ОПЕК дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад ва аллакай барои татбиқи он зиёда аз 5 млн. доллари ШМА ҷудо шудааст. Ифтитоҳи расмии беморхона дар нимаи аввали соли 2013 ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.