Болоравии қимати орд дар Хоруғ ба андозаи 21%

Date:


Дар Гузориши мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зикр мегардад, ки моҳи октябр дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ қимати орди гандум ба андозаи 21% боло рафтааст.

Бино ба нишондиҳандаи ҷадвал, агар моҳи июн арзиши як кило орди навъи олӣ дар Хоруғ 2,60 сомониро ташкил медод, пас ин нишондиҳанда моҳи сентябр ба 3,10 ва моҳи ноябр ба 4 сомонӣ расид.

Дар манотиқи дигари кишвар низ нархи орд боло рафта, вале бо суръати нисбатан камтар: моҳи сентябр 1 кило орди навъи олӣ дар пойтахт 2,90 сомониро ташкил дода, моҳи ноябр 30 дирам боло рафт. Ба ҳисоби миёна моҳи ноябр нархҳои орду гандум ба миқдори 6% боло рафтанд.

Нархи гандуму орди истеҳсоли маҳаллӣ дар Қӯрғонтеппа мутаносибан ба андозаи 20 ва 29% боло рафтанд. Дар муқоиса бо моҳи сентябр қимати гандум дар бозорҳои Хуҷанд каме поин рафта, дар бозорҳои Душанбеву Қӯрғонтеппа баланд боқӣ мемонанд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 602 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст ва ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 326,8 ҳазор тонна баробар буд. Ҳаҷми воридоти орд 289,6 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба 10 моҳи соли гузашта 32 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Дар муқоиса бо оғози сол нархҳои яклухт ба гандум 160 $ боло рафта, тибқи шартҳои DAF, имрӯз 340-345 $ барои 1 тоннаро ташкил медиҳанд.

Талаботи Тоҷикистон ба гандум дар соли равон 1,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад, ки ҳудуди 70-80%-и он аз Қазоқистон ворид мегардад.

Тибқи маълумоти расмӣ, соли равон дар Тоҷикистон 794 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид. Соли гузашта ин нишондиҳанда ба 435 ҳазор тонна баробар буд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...