Падари маҳбус: Маро ба ҷавобгарӣ кашиданианд

Маҳмурод Ризоев, падари яке аз маҳбусони аз Душанбе ба муассисаи ислоҳии Хуҷанд фиристодашуда ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ӯро ба прокуратура даъват карда, таҳдид кардаанд, ки барои баёноти бардурӯғ нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд. М.Ризоев чандин маротиба ба ВАО перомуни истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона нисбати маҳбусони интиқолшуда, аз ҷумла писари худаш маълумот дода […]

ASIA-Plus


Маҳмурод Ризоев, падари яке аз маҳбусони аз Душанбе ба муассисаи ислоҳии Хуҷанд фиристодашуда ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ӯро ба прокуратура даъват карда, таҳдид кардаанд, ки барои баёноти бардурӯғ нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд.

М.Ризоев чандин маротиба ба ВАО перомуни истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона нисбати маҳбусони интиқолшуда, аз ҷумла писари худаш маълумот дода буд.

Ба андешаи вай, интиқоли маҳбусон танҳо ба хотири шоҳид будани ду нафар ба марги Ҳамза Икромзода сурат гирифта, онҳоро дуртар аз пойтахт, дар муассисаи ислоҳии Хуҷанд ҷазо доданӣ шудаанд. Ба қавли Ризоев, барои истифодаи беҳад зиёди шиканҷаву ҷазоҳои ғайриоддӣ муассисаи ислоҳии Хуҷанд миёни мардум ҳамчун «Гуантанамо» маъруф аст.

М.Ризоев ба ОИ «Азия-Плюс» сабти аудиои суҳбати телефонӣ бо писарашро пешниҳод намуда буд. Дар ин сабт С.Ризоев огоҳ мекунад, ки «агар ӯ зинда намонад, ба фарзияи худкушӣ ё ҳодисаи нохуш бо ӯ бовар накунанд».

«Имрӯз маро ба прокуратура даъват намуда, ошкоро таҳдид карданд, ки нисбатам парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд ва умуман бо ман ҳамчун бо ҷинояткор рафтор карданд», – гуфт Ризоев ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз, 20-уми декабр.

Дар ҳамин ҳол намояндаи прокуратураи аз ҷониби Ризоев зикршуда – прокурори назорати иҷрои қонун дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе, ва навоҳии тобеи марказ Толиб Азимов дар робита ба ин масъала ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки М.Ризоев ба прокуратура барои пешниҳоди далел даъват шуда буд.

«Ман танҳо ба ӯ фаҳмонидам, ки дар қонунгузории ҷиноӣ моддаи 346 – «Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ» амал мекунад ва аз ӯ дархост кардам, ки сабти аудиоиро ба прокуратура пешниҳод намояд, зеро сухани хушку холӣ ба парванда дӯхта намешавад. Дар сурати акс, прокуратура ба андешидани чораҳо ҳуқуқ дорад», – гуфт Азимов.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи ноябр

наздикону хешовандони чанде аз маҳкумшудагон

, ки аз муассисаҳои ислоҳии Душанбе ва Ваҳдат ба вилояти Суғд фиристода шуданд, дар бораи лату кӯби бераҳмонаи онҳо бо расидан ба ҷойи таъинот хабар дода буданд.

Ба гуфтаи онҳо, шаби 6-уми ноябри соли равон беш аз 50 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ба муассисаи ислоҳии №23-и шаҳри Хуҷанд фиристода шуданд.

Онҳо ҳамчунин изҳор намуда буданд, ки миёни маҳбусони интиқолшуда чор нафар шоҳидони марги марги Ҳамза Икромзода, ки рӯзи 20-уми сентябр ба эҳтимоли истифодаи шиканҷа дар муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт ба ҳалокат расид, низ ҳузур доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.