Беш аз 1 млн. $ маблағгузории ширкати чинӣ ба рушди кони сурбу руҳ

Дар давоми соли 2012 ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» ба рушди кони сурбу руҳи «Зарнисори Шимолӣ» (Олтин-топкани шимолӣ) беш аз 5 млн. сомонӣ (зиёда аз 1 млн. $) маблағгузорӣ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, соли 2013 гирифтани иҷозатнома барои истихроҷи маъданҳои нимаметаллӣ аз захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ, иҷрои корҳои […]

Заррина Эргашева


Дар давоми соли 2012 ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» ба рушди кони сурбу руҳи «Зарнисори Шимолӣ» (Олтин-топкани шимолӣ) беш аз 5 млн. сомонӣ (зиёда аз 1 млн. $) маблағгузорӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, соли 2013 гирифтани иҷозатнома барои истихроҷи маъданҳои нимаметаллӣ аз захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ, иҷрои корҳои иктишофиву геологӣ ва пармаи чоҳҳои иктишофӣ дар чуқурии 5,3 ҳазор метр дар назар аст.

«Дар ҳамдастӣ бо «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум» лоиҳаи «Иктишофи ҷузъии самти ҷанубу ғарбии кони «Зарнисори Шимолӣ» таҳия гардида, маводи геологӣ барои таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии нишондиҳандаҳои доимӣ ва ҳисобу китоби захираҳои сурбу руҳ дар кон омода ва ин кор соли оянда идома дода мешавад», – гуфтанд дар ширкат.

Дар ширкат аз ифшои миқдори захираҳои кон ва ҳаҷми сармоягузориҳои оянда, ки ширкат барои сохтмони корхонаи металлургӣ равона карданӣ буд, худдорӣ варзиданд.

Аз рӯи майдон кони «Зарнисори Шимолӣ ҳамчун кони бузург арзёбӣ мешавад. Дар кони мазкур ба ҷуз сурбу руҳу нуқра, ҳамчунин мавҷуд будани захираҳои тило, висмут, селен, теллур, таллий, индий, галлий ва германий эҳтимол меравад. Соли гузашта арзиши умумии корҳо 100 млн. сомонӣ арзёбӣ гардида буд, ки ҳудуди 21 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.