Оғози лоиҳаи нави ИА дар бахши тандурустӣ

Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи нави «Мусоидати таҳкими Системаи иттилоот дар соҳаи тандурустӣ» дар Тоҷикистонро маблағгузорӣ менамояд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳа бо миқдори 3.4 млн. евро дар муддати 42 моҳ таҳти роҳбарияти EPOS Management (Олмон) дар консорсиум бо ICON-Institut Public Sector (Олмон) ва IrfatC (Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад. Ба иттилои манбаъ, […]

ASIA-Plus


Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи нави «Мусоидати таҳкими Системаи иттилоот дар соҳаи тандурустӣ» дар Тоҷикистонро маблағгузорӣ менамояд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳа бо миқдори 3.4 млн. евро дар муддати 42 моҳ таҳти роҳбарияти EPOS Management (Олмон) дар консорсиум бо ICON-Institut Public Sector (Олмон) ва IrfatC (Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳа ба дастгирии такмили ҷамъоварии маълумоти тиббӣ дар саросари кишвар ба мақсади мусоидати раванди қабул кардани қарор бо назардошти дастрас будани маълумоти муносиб, фаҳмиши беҳтари нишондиҳандаҳои кори соҳаи тандурустӣ ва истифодаи оқилтари захираҳои соҳаи тандурустӣ равона мегардад.

Лоиҳа ҷорӣ намудани сохтори умумидавлатии ҷамъоварӣ ва интиқоли маълумотро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад. Барои ин воридшавии манобеи асосии маълумот аз дохили соҳаи тандурустӣ ва инчунин вориди маълумот оиди миқдори фавт ва таваллудшудагон ба анбори иттилоотии миллӣ зарур мешавад. Лоиҳа сифати зарурии маълумотро тариқи баланд бардоштани сатҳи бохабарии ҷомеа ва дурнамои зиёд кардани потенсиали кадрӣ таъмин хоҳад кард, ки дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар саросари Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазифаи шарики асосӣ дар миёни баҳрабардорони лоиҳа ба ӯҳда дорад, ҳангоме ки Маркази чумҳуриявии омор ва маълумоти тиббӣ ба сифати мақомоти масъули асосӣ барои ҷамъоварии маълумот амал менамояд. Вазорати адлия ва Мақомоти бақайдгирии актҳои вазъи гражданӣ, ки барои сабти ҳолатҳои тавлид ва фавт муваззаф мебошанд, аз баҳрабардорони асосии лоиҳа хоҳанд буд. Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон масъул барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории омори расмии давлатӣ, яке аз гурӯҳҳои мақсадноки лоиҳа низ хоҳад буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.