Душанбе: Ҳалокати бародарони дугоник дар садама

Date:


Субҳи рӯзи якшанбе бар асари садамаи нақлиёт дар пойтахт бародарони дугоник – Амир ва Темур Пешковҳо (Ғуломовҳо) ва дӯсти онҳо Ориён Ҷӯраев ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шерафган Латифов хабар дод, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лендровер», хатмкардаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав, сокини 23-солаи пойтахт Назар Дериникян ҳангоми ҳаракат дар майдони Дӯстии хиёбони Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба бинои Почтаи марказии Душанбе (Главпочтамт) бармехӯрад.

«Бар асари бархӯрд таркиш ба вуқӯъ пайваста, дар ҷойи ҳодиса се нафар мусофирони «Лендровер» – Амир ва Темур Пешковҳои 24-сола ва ҳамсояву дӯсти онҳо Ориён Ҷӯраев ба ҳалокат расиданд», – гуфт вай.

Ба иттилои манбаъ, ронанда бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...