Вохӯриии дипломати тоҷик бо нахуствазири Люксембург

Чанде қабл зимни сафари корӣ ба ш.Люксембург сафири Тоҷикистон дар Гертсогии Бузурги Люксембург Рустамҷон Солиев бо роҳбарияти олии сиёсии ин кишвар як қатор вохӯриҳо доир намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғоз Рустамҷон Солиевро Сарвазири Люксембург Жан-Клод Юнкер ба ҳузур пазируфт. Дар рафти муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба мусоҳибон ба тамоюли рушди ҳамкорӣ дар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл зимни сафари корӣ ба ш.Люксембург сафири Тоҷикистон дар Гертсогии Бузурги Люксембург Рустамҷон Солиев бо роҳбарияти олии сиёсии ин кишвар як қатор вохӯриҳо доир намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғоз Рустамҷон Солиевро Сарвазири Люксембург Жан-Клод Юнкер ба ҳузур пазируфт. Дар рафти муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба мусоҳибон ба тамоюли рушди ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳ баҳои мусбат доданд.

Сипас вохӯрии сафири Тоҷикистон бо Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Люксембург Жан Асселборн баргузор гардид. Ҳангоми табодули андеша ҷонибҳо маҷмӯи васеи матолиби мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд.

Худи ҳамон рӯз, сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи вакилон (Парламенти) Люксембург Лоран Мозар вохӯрд. Ҳамсӯҳбатҳо имконоти ба роҳ мондан ва тавсеа додани робитаҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар, аз ҷумла шаклҳои нигоҳдории тамосҳо дар сатҳи байнипарлумониро матраҳ намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо мудири кулли Палатаи савдои Люксембург Пиер Грамегна дипломати тоҷик масъалаҳои барқарорсозии тамосҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории дуҷониба, гузаронидани бизнес форумҳои соҳибкорони ҳарду давлат ва татбиқи ҳамкории самаранок дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, бонкӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.