Гӯшаи Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Исломобод

Чанде қабл  дар Осорхонаи миллии шаҳри Исломободи Покистон Гушаи миллии Тоҷикистон ботантана ифтитоҳ гардид. Дар ин маросими тантанавӣ сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Покистон, тоҷикони муқими Исломобод, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва хабарнигорон иштирок доштанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Гӯшаи миллии Тоҷикистон дар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл  дар Осорхонаи миллии шаҳри Исломободи Покистон Гушаи миллии Тоҷикистон ботантана ифтитоҳ гардид. Дар ин маросими тантанавӣ сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Покистон, тоҷикони муқими Исломобод, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва хабарнигорон иштирок доштанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Гӯшаи миллии Тоҷикистон дар қисмати марказии Осорхона, дар шафати гушаҳои кишварҳои дигари узви ИДМ ҷой дода шудааст. Иқдоми мазкур бо иштироки фаъолонаи Сафорат ва дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки ба таври ройгон намунаҳои фарҳанг ва таърихи тоҷиконро ирсол намудааст, амалӣ карда шуд.

Дар намоиш экспонатҳои гуногун, аз ҷумла намунаҳои фарҳангу санъати тоҷикӣ, ки маҳсули эҷоди ҳунармандони бомаҳорати Тоҷикистон буда, хусусиятҳои миллӣ ва зебогии табиати Тоҷикистонро таҷассум месозанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Сафир Зубайдулло Зубайдов зимни баромади худ ба Директори осорхонаи миллӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги Покистон барои мусоидат дар ифтитоҳи Гушаи миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки ин иқдом ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.

Директори Осорхонаи миллии Покистон Холид Ҷовид ифтитоҳи Гӯшаи миллии Тоҷикистонро дар осорхонаи мазкур як воқеаи муҳим дар муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯст арзёбӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.