Имзои созишномаи «Шаҳри бехатар» дар ВКД

Чанде қабл дар Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади назорати ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар роҳу кӯчаҳои шаҳр, қоидавайронкунӣ, садамаҳо, идораи самараноки ҷараёни нақлиётӣ ва чароғакҳо дар шаҳри Душанбе лоиҳаи Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HUAWEI TECHNOLOGIES CO. «Оид ба таҳвили  таҳҷизот доир ба низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади назорати ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар роҳу кӯчаҳои шаҳр, қоидавайронкунӣ, садамаҳо, идораи самараноки ҷараёни нақлиётӣ ва чароғакҳо дар шаҳри Душанбе лоиҳаи Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HUAWEI TECHNOLOGIES CO. «Оид ба таҳвили  таҳҷизот доир ба низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт – Шаҳри бехатар ва хизматрасонии «Таҳти калид» ба имзо расид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов қайд намуд, ки амалӣ намудани лоиҳаи мазкур метавонад, дар коҳишёбии вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ, пешгирии сар задани садамаҳои нақлиётӣ, таъмин ва танзими бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ дар пойтахти мамлакат таъсири ҷиддӣ расонад.

Инчунин ноиби Президенти ширкати HUAWEI TECHNOLOGIES CO., хонума Эми Лин иброз намуд, ки лоиҳаи мазкур дар ду марҳила якум, то моҳи май ва дуввум марҳила то моҳи ноябри соли 2013 сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар ҳамаи чорроҳаҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе камераҳои наворбардорӣ ва аксгирӣ гузошта мешаванд, то ки бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ба таври автоматӣ аз тариқи дастгоҳҳои электронӣ назорат карда шавад.

Қобили зикр аст, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти ширкати Ҳуавейи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ами Линро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот, ки бо иштироки масъулини дахлдор аз ҷониби Тоҷикистон ҷараён гирифт, ҷанбаҳои техникию молиявии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки тавассути камера ва таҷҳизоти аксбардорӣ натанҳо ҳаракат дар роҳҳо, балки риояи тартиботи ҷамъиятӣ назорат карда мешавад. Бо татбиқи босамари ин лоиҳа, ҳамчунин мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, саҳл гардида, як қадами муҳим дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ гузошта мешавад.

Ин лоиҳа бо харҷи 22 миллион доллари амрикоӣ, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, дар зарфи 7 моҳ амалӣ гардида, 5 сол муҳлати кафолат дорад. Дар доираи ҳамин лоиҳа аз ҷониби ширкати Ҳуавей мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд. Истифодаи босамари ин технология дар роҳҳои шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки хароҷоти лоиҳа дар зарфи 6 сол барзиёд баргардонда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.