Таъмини ҳудуди 33 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ дар соли ҷорӣ

Дар зарфи 11 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон беш аз 32,7 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 33,3%-ро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур зиёда аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 11 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар дар Тоҷикистон беш аз 32,7 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 33,3%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур зиёда аз 98,2 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки 59,1 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ҳудуди 39,4 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

Ғайр аз ин,  тавассути квотаи корӣ беш аз 2,3 ҳазор нафар шаҳрвандони осебпазир дар бозори меҳнат бо кор таъмин гардидаанд. «Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», – зикр карданд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, тӯли 11 моҳи соли равон зиёда аз 6,2 ҳазор нафар ба маблағи умумии беш аз 1,6 млн. сомонӣ барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми декабри соли равон дар хадамоти Агентӣ 76 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 54,6 ҳазор нафар расман бекор ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра зиёда аз 12,3 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ равона гардида, қариб 4,6 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда фиристода шудаанд.

Тибқи маълумоти Агентии мазкур, дар зарфи 11 соли ҷорӣ дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ҳудуди 127 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд. Моҳи ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 8,2 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.