Баррасии масъалаи рушди гидроэнергетикаи хурд дар парлумон

Имрӯз дар палатаи поёнии парлумон таҳти раёсати муовини аввали раиси МН МО ҶТ Амиршо Миралиев оид ба масъалаи иҷрои буҷети давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 дар қисмати амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» ва Барномаи давлатии дарозмуҳлати ҶТ дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд барои солҳои 2009-2020 музокироти парлумонӣ доир гардид. Вазири энергетика […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар палатаи поёнии парлумон таҳти раёсати муовини аввали раиси МН МО ҶТ Амиршо Миралиев оид ба масъалаи иҷрои буҷети давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 дар қисмати амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» ва Барномаи давлатии дарозмуҳлати ҶТ дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд барои солҳои 2009-2020 музокироти парлумонӣ доир гардид.

Вазири энергетика ва саноати кишвар Гул Шералӣ зимни суханронӣ изҳор кард, ки имрӯз аз ҷониби гурӯҳи кории махсуси ҳукумат дар манотиқи ҷумҳурӣ 190 майдони сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обиву барқӣ муайян шудааст, ки дар онҳо бидуни хароҷоти иловагӣ метавон нерӯгоҳҳои хурд бунёд намуд.

Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров зикр кард, ки танҳо тӯли 2 соли ахир дар кишвар 8 адад нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ бо иқтидори умумии беш аз 8 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ бунёд карда шуд.

Ба гуфтаи Ёров, барои сохтмони нерӯгоҳҳои зикршуда Бонки исломии рушд дар шакли бурс зиёда аз 9 млн. доллари ИМА ҷудо карда, ҳаҷми маблағгузории ширкати «Барқи тоҷик» беш аз 4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва энергетики касбӣ Шодӣ Шабдолов иброз дошт, ки имрӯз баҳри рафъи камбудиву мушкилот ва беҳбуди самаранокии фаъолияти нерӯгоҳҳои хурд, зарурати ташхиси мукаммали нерӯгоҳҳои хурди аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта бунёдшуда пеш омадаст.

«Айни замон дар кишвари мо таъсиси Маркази ягонаи хизматрасонӣ дар бахши гидроэнергетикаи хурд зарур аст», – гуфт Шабдолов.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲКТ ба ширкати «Барқи тоҷик» пешниҳод намуд, ки нерӯгоҳҳои хурди обиву барқии бунёдшуда ба низоми ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ шомил карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.