Дархости Оқилов аз ҳамтои ӯзбеки худ оид ба ҳалли масъалаи газ

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз ба унвони ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев дар робита ба қарори «Узтрансгаз» оид ба қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон мактуб ирсол намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тошканд дар шаҳри Душанбе хабар доданд, дар мактуби О.Оқилов зикр гардидааст, ки талаботи яксолаи Тоҷикистон ба гази табиӣ аз Ӯзбекистон 200 […]

Аваз Юлдошев


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз ба унвони ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев дар робита ба қарори «Узтрансгаз» оид ба қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон мактуб ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тошканд дар шаҳри Душанбе хабар доданд, дар мактуби О.Оқилов зикр гардидааст, ки талаботи яксолаи Тоҷикистон ба гази табиӣ аз Ӯзбекистон 200 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад.

«О.Оқилов изҳори боварӣ намудааст, ки ҳаҷми зарурии талаботи яксолаи Тоҷикистон барои кишвари ҳамсоя қобили таваҷҷуҳ нест», – гуфтанд дар сафорати Ӯзбекистон дар ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 24-уми декабр бинобар сабаби ба итмом расидани қарордод оид ба интиқоли газ, Ӯзбекистон ба коҳиши ҳаҷми интиқоли он оғоз кард.

«Ба иллати анҷоми муҳлати қарордоди интиқоли газ барои соли 2012, интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рӯзи 31-уми декабр, соати 18:00 пурра қатъ карда мешавад», – изҳор карданд дар сафоратхонаи Ӯзбекистон.

Ёдрас мекунем, ки қаблан манбаъҳои муътамади наздик ба ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки мутобиқ ба қарори «Узбекнефтегаз» ва сохтори он «Узтрансгаз», аз

31-уми декабри соли равон

интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон қатъ мегардад.

«Гуфтушунид барпо нашуд. Ӯзбекистон сабаби чунин тасмим гирифтанро шарҳ намедиҳад, вале ба «Тоҷиктрансгаз» огоҳинома расид, ки аз 31-уми декабр интиқоли гази табиӣ аз кишвари ҳамсоя қатъ карда мешавад ва аллакай ҳаҷми воридоти газ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст», – гуфтанд сарчашмаҳои хабар. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.