Бекор шудани супориши қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ супориши худ дар бораи қатъ кардани дастрасӣ ба 130 сомона аз 21-уми декабрро бекор намуд. Ба қавли раиси Ассосиатсияи ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон Асомидин Атоев, рӯзи сешанбе ширкатҳо супориши барқарор кардани дастрасӣ ба сомонаҳоро гирифтаанд. «Чунин ба назар мерасад, ки хадамоти алоқа корҳои таъмиру фанниро, ки қаблан мақомоти раҳбариаш ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ супориши худ дар бораи қатъ кардани дастрасӣ ба 130 сомона аз 21-уми декабрро бекор намуд.

Ба қавли раиси Ассосиатсияи ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон Асомидин Атоев, рӯзи сешанбе ширкатҳо супориши барқарор кардани дастрасӣ ба сомонаҳоро гирифтаанд.

«Чунин ба назар мерасад, ки хадамоти алоқа корҳои таъмиру фанниро, ки қаблан мақомоти раҳбариаш ба унвони сабаб изҳор карда буд, ба итмом расонидааст», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки мактуб ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет аз ҷониби муовини сардори Хадамоти алоқа Рустам Шокиров ба имзо расида, сабабҳои қатъи дастрасӣ маҳз корҳои таъмиру фаннӣ унвон шуда буд.

Мактуб дар бораи қатъи дастрасӣ ба смонаҳоро Хадамоти алоқа ҳанӯз шоми рӯзи 21-уми декабр фиристода буд. Ахири ҳафтаи сипаришуда ВАО-и Русия иттилоъ доданд, ки шоми рӯзи ҷумъа Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет нома фиристода, дастур додааст, ки дастрасӣ ба 131 сомона қатъ карда шавад. Намояндаи яке аз ин ширкатҳо ба хабаргузории «Интерфакс» изҳор намудааст, ки рӯйхати сомонаҳо хеле бузург буда, сабаби қатъи дастрасӣ шарҳ дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки рӯзи шанбе чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет мувофиқи супориши Хадамоти алоқа аллакай дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили «Вконтакте», сомонаҳои torrents.tj ва topvideo.tj-р қатъ карданд.

Рӯзи сешанбе

рӯйхати пурраи сомонаҳои

ба қатъи дастрасӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба ширкатҳои фароҳамсози интернет  тавсияшуда ба дасти ОИ «Азия-Плюс» расид. Ҳамин тариқ, мутобиқи рӯйхат, ҳудуди 80%-и онҳо сомонаҳои мусиқӣ мебошанд. Ҳамчунин торнамоҳои зиёде низ мавҷуданд, ки корбарони шабакаи Интернети Тоҷикистон аз мавҷудияти онҳо ҳатто огаҳие ҳам надоранд. Ғайр аз ин, дар рӯйхат торнамоҳои фаҳш (порнография) низ ҳастанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.