Ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти Эрон дар Душанбе

Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон-2012» намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои эронӣ ба кор шурӯъ кард. Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати эронии «Роҳи рушди Осиё» ва дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ созмон дода шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ППС ҶТ, рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон-2012» намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои эронӣ ба кор шурӯъ кард.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати эронии «Роҳи рушди Осиё» ва дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ созмон дода шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ППС ҶТ, рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Эрон, ҷалби сармоя, технологияи муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии намоишгоҳ маҳсуб меёбанд.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 70 ширкатҳои эронӣ дар бахшҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва кишоврзӣ, маснӯоти қаннодӣ, масолеҳи сохтмон, воситаҳои шустушӯӣ ва гигиена, атриёт, ороишоти заргарӣ, дастгоҳҳои барқии маишӣ, қубурҳои пластикӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, итилоъ дода мешавад, ки дар доираи сафари раиси ППС ҶТ Шариф Саид ба шаҳри Урумчии Вилояти Мухтори Синтязн Уйғури Чин, ӯ бо сардори департаменти тиҷорати ҳукумати вилоят Хэ Имин ва муовини роҳбари ҳукумати вилоят Ши Диган мулоқот анҷом дод. Дар вохӯриҳо масоили соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои Вилояти Мухтори Синтязн Уйғури Чин мувофиқа шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.