Қатъи таъқиби сокинони ихтиёрӣ аслиҳаро супурдаи Хоруғ

Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаҳои ҷиноии афродеро, ки пас аз рӯйдодҳои тобистони соли равон дар Хоруғ аз 25 июл то 20 декабр ихтиёрӣ аслиҳаро супурданд, қатъ кард. Парвандаҳои ҷиноии мазкур мутобиқи моддаи 195-и КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  […]

ASIA-Plus


Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаҳои ҷиноии афродеро, ки пас аз рӯйдодҳои тобистони соли равон дар Хоруғ аз 25 июл то 20 декабр ихтиёрӣ аслиҳаро супурданд, қатъ кард.

Парвандаҳои ҷиноии мазкур мутобиқи моддаи 195-и КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) боз шуда буданд.

Дар иттилоии пахшшудаи Прокуратураи генералии ҶТ зикр мегардад, ки дар ин хусус рӯзи 21-уми декабр аз ҷониби роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ бо розигии муовини аввали прокурори генералӣ қарори дахлдор қабул шудааст.

Бино ба маълумоти иттилоия, дар зарфи 5 моҳ сокинони маҳаллӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ихтиёран ҳамагӣ 325 адад яроқҳои оташфишон ва миқдори зиёди лавозимот ва дигар муҳимоти ҷангиро супурданд, ки аз 105 адад автоматҳои Калашникови гуногунтамға, 5 адад пулемёти Калашников, 118 адад таппончаҳои гуногун, як миномёт, 7 адад норинҷакафкан, 3 адад милтиқи мерганӣ (снайперӣ), 22 ҳазор адад тирҳои гуногун, 159 адад снарядҳои гуногун, 3 адад минаҳо, 190 адад норинҷакҳо (гранатаҳо)-и дастӣ, 8 адад тротил, 800 гр. тротил, 80 кг. моддаи худсози тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ иборат аст.

Ёдрас мекунем, ки 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ ҷиҳати нобуд кардани қотилони генерали хадамоти махсуси ҷумҳурӣ Абдулло Назаров, ки санаи 21-уми июл дар ин шаҳр кушта шуда буд, амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ оғоз гардид. Пас аз амалиёт ҷиҳати таҳқиқи рӯйдодҳои моҳҳои июл-августи соли равон дар Хоруғ гурӯҳи тафтишотӣ таъсис дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз аъзои гурӯҳи тафтишотии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз прокурори ВМКБ бояд тавассути телевизиони давлатӣ суханронӣ намуда, изҳорот дар бораи қатъи тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати афроди ихтиёран аслиҳа супурдаро иброз намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?