Кӯмаки Ҷопон ба Маркази ҷарроҳии дилу рагҳо

Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчубаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба «Лоиҳаи беҳтарсозии шӯъбаи микроҷарроҳии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина» 111 ҳазору,714 доллари ИМА маблағ ҷудо намуда буд. Тавре дар иттилоияи сафоратхонаи Ҷопон дар ҶТ хабар дода мешавад, дар таърихи 25 декабри соли 2012 ҷаноби Ҳиройуки Иаҳашӣ, сафири […]

ASIA-Plus


Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчубаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба «Лоиҳаи беҳтарсозии шӯъбаи микроҷарроҳии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина» 111 ҳазору,714 доллари ИМА маблағ ҷудо намуда буд.

Тавре дар иттилоияи сафоратхонаи Ҷопон дар ҶТ хабар дода мешавад, дар таърихи 25 декабри соли 2012 ҷаноби Ҳиройуки Иаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва Холмаҳмад Раҳимов, директори Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина дар маросими ифтитоҳи лоиҳа дар Маркази мазкур ширкат варзиданд. 

Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина ягона маркази Тоҷикистон ҳаст, ки дар ҳолатҳои таъҷилӣ ҷарроҳии вобаста бо пайванд, пластика ва ринопластикаро амалӣ менамояд. Ба маркази мазкур ҳар сол 600 нафар мариз муроҷиат менамоянд, ки 40 фоизи онҳо ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз доранд. Бо вуҷуди ин, норасоии таҷҳизотҳои ҷадид дар маркази микроҷарроҳӣ барои хизматрасонии микроҷарроҳии лозимӣ ба беморон солҳои дароз мушкилӣ пеш меовард.

Ҳукумати Ҷопон Маркази мазкурро бо таҷҳизотҳои нави ҷарроҳӣ ба монанди қандили ҷарроҳӣ, скалпели барқӣ ва пармаи тиббӣ барои ҷарроҳии ринопластикӣ ва пластикӣ муҷаҳҳаз гардонид. Дар натиҷа марказ қодир гардид, ки сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошта мизоҷонро бо хизматрасонии сифатнок ва бехатар дар соҳаи микроҷарроҳӣ таъмин намояд. 

 Ҳамчунин  беҳдошти соҳаи тандурустӣ барои ҳифзи ҳуқуқи саломатии инсон мусоидат менамояд.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳоџагии қишлоқ ва созмонҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 инҷониб Ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ 290 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $22 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.