Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон-2012» намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои эронӣ ба кор шурӯъ кард.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати эронии «Роҳи рушди Осиё» ва дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ созмон дода шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ППС ҶТ, рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Эрон, ҷалби сармоя, технологияи муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии намоишгоҳ маҳсуб меёбанд.
Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 70 ширкатҳои эронӣ дар бахшҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва кишоврзӣ, маснӯоти қаннодӣ, масолеҳи сохтмон, воситаҳои шустушӯӣ ва гигиена, атриёт, ороишоти заргарӣ, дастгоҳҳои барқии маишӣ, қубурҳои пластикӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, итилоъ дода мешавад, ки дар доираи сафари раиси ППС ҶТ Шариф Саид ба шаҳри Урумчии Вилояти Мухтори Синтязн Уйғури Чин, ӯ бо сардори департаменти тиҷорати ҳукумати вилоят Хэ Имин ва муовини роҳбари ҳукумати вилоят Ши Диган мулоқот анҷом дод. Дар вохӯриҳо масоили соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои Вилояти Мухтори Синтязн Уйғури Чин мувофиқа шуд.



