Чанде қабл дар Душанбе зимни мулоқоти мақомоти раҳбарӣ ва намояндагони ташкилотҳои узви Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо намояндагони Гурӯҳи иқтисодӣ ва тиҷоратии музофоти Чормаҳал ва Бахтиёрии Эрон масоили густариши ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни мулоқот ҷузъиёти масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, моҳипарварӣ, чорводорӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, энергетика, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, қолинбофии дастӣ, маводи ғизоӣ ва бастубанди он матраҳ гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, намояндагони Эрон дархост кардаанд, ки боздиди онҳо аз як қатор корхонаҳои пойтахт фароҳам оварда шавад. Дар фарҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни ПСС ҶТ ва Департаменти ҳамкории иқтисодии хориҷии музофоти Чормаҳал ва Бахтиёрии Эрон ба имзо расид.


