Боздиди намояндагони «Парлумони ҷавонони Тоҷикистон» аз МН

Чанде қабл  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова бо намояндагони «Парлумони ҷавонони Тоҷикистон» мулоқот намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот бештар ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷавонони кишвар ва густариши ҳамкорӣ байни Парлумони ҷавонони Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Чанде қабл  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова бо намояндагони «Парлумони ҷавонони Тоҷикистон» мулоқот намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот бештар ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷавонони кишвар ва густариши ҳамкорӣ байни Парлумони ҷавонони Тоҷикистон бо кумита ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумони кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, М.Ҷабборова ба намояндагони Парлумони ҷавонони Тоҷикистон дар бораи фаъолияти кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон маълумоти муфассал дода, аз таъсиси ҳаракати ҷамъиятии мазкур изҳори қаноатмандӣ кард ва таъкид намуд, ки бешубҳа, он дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ҳуқуқии ҷавонони кишвар саҳми босазо хоҳад гузошт.

Зимнан зикр гардид, ки намояндагони Парлумони ҷавонони Тоҷикистон ҳамзамон аз китобхона ва осорхонаи палатаи поёнии парлумон низ боздид карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.