Мусоидати ХМ ба тағйири қарори суд оид ба ихроҷи муҳоҷир

Ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия шаҳрванди Русия, сокини ноҳияи Тейкови вилояти Иваново Наталя Дроздова муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо кормандони шуъбаи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират шавҳари мулкии ӯ, муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ховалинг Азизулло Ҳакимови 31-соларо ба гумони нақзи қавоиди будубош дар Русия боздошт кардаанд. Бино […]

ASIA-Plus


Ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия шаҳрванди Русия, сокини ноҳияи Тейкови вилояти Иваново Наталя Дроздова муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо кормандони шуъбаи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират шавҳари мулкии ӯ, муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ховалинг Азизулло Ҳакимови 31-соларо ба гумони нақзи қавоиди будубош дар Русия боздошт кардаанд.

Бино ба маълумоти намояндагии ХМ ҶТ дар Русия, ахири моҳи ноябр А.Ҳакимов бо қарори суд ба маблағи 2000 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ ва хурӯҷ аз қаламрави Русия маҳкум шуда, нигоҳдории ӯ дар қабулгоҳи махсус таъин карда шуд.

Тавре аён шуд, А.Ҳакимов бояд дар муддати 90 рӯз қаламрави Русияро тарк мекард, вале ба иллати бемории ҳамсараш – Н.Дроздова ин корро карда натавонист.

Ба иттилои манбаъ, бо мусоидати намояндагии ХМ ҶТ ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ А.Ҳакимов ба суди вилояти Иваново шикоят бурд. «Бо назардошти тамоми ҳолатҳо, аз ҷумла ҳомиладории ҳамсари ӯ, бо қарори суди вилояти Иваново 21-уми декабри соли равон, қисмати қарори суди ноҳияи Октябр тағйир дода шуда, бандҳои марбут ба ихроҷ аз Русия ва нигоҳ доштан дар қабулгоҳи махсус бекор гардиданд», – гуфта мешавад дар иттилои намояндагӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.