Кӯлоб: Музди меҳнати миёна 109 сомонӣ афзуд

Соли равон ҳаҷми музди меҳнати миёна дар шаҳри Кӯлоб 461,6 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 109 сомонӣ зиёдтар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати омори шаҳри Кӯлоб Маҳсиддин Мӯсоев хабар дод, айни замон машғул шудан ба кор дар бахшҳои энергетика, алоқа, бима (суғурта), хадамоти иҷтимоӣ (фонди нафақа) ва сохторҳои бонкии […]

Турко Дикаев


Соли равон ҳаҷми музди меҳнати миёна дар шаҳри Кӯлоб 461,6 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 109 сомонӣ зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати омори шаҳри Кӯлоб Маҳсиддин Мӯсоев хабар дод, айни замон машғул шудан ба кор дар бахшҳои энергетика, алоқа, бима (суғурта), хадамоти иҷтимоӣ (фонди нафақа) ва сохторҳои бонкии шаҳр бештар судманд буда, музди меҳнати миёна дар ин бахшҳо аз 1095,6 то 1317,5 сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад.

Ба қавли ӯ, ҳаҷми музди меҳнати миёна дар бахши кишоварзӣ ба 104,4, моҳипарварӣ – 221,8, ҳайати хизматрасонии меҳмонхонаву тарабхонаҳо – 287,7 сомонӣ баробар шудааст.

«Дар соҳаи сохтмон музди меҳнати миёнаи моҳона аз 486 сомонии соли гузашта то ба 612 сомонӣ расида, дар соҳаи саноат он 283 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта камтар аст», – афзуд номбурда. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.