IRS: Вазъи роҳи Душанбе-Чаноқ таҳти назорати доимӣ аст

Шабонарӯзи гузашта дар қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ боришоти шадиди барф ба мушоҳида расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS), тамоми техникаи дар ихтиёрдоштаи намояндагиҳои минтақавии филиал ҷиҳати пешгирии пеш омадани мушкилот барои ҳаракати нақлиёт сафарбар гардида, феълан машғули тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш […]

Пайрав Чоршанбиев


Шабонарӯзи гузашта дар қитъаҳои роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ боришоти шадиди барф ба мушоҳида расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS), тамоми техникаи дар ихтиёрдоштаи намояндагиҳои минтақавии филиал ҷиҳати пешгирии пеш омадани мушкилот барои ҳаракати нақлиёт сафарбар гардида, феълан машғули тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, бориши шадиди барф ва шамоловардҳо ҳаракати нақлиётро дар қитъаҳои алоҳида мушкил сохтааст. Коргарони роҳ қитъаҳои роҳи зертобеъро чанд маротиба бо ҷалби автогрейдерҳо, боркунакҳо ва дигар техникаи мавҷуда аз барф тоза намуда, барои халалдор нашудани ҳаракати мунтазами нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Айни замон ҳолати роҳ зери назорати роҳдорони филиал қарор дошта, воситаҳои нақлиёт бемамоният тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ равуо доранд.

Гуфта мешавад, ҷиҳати бартарафсозии яхбандӣ роҳ бо маводи зиддилағзиш коркард шудааст. Чунин намуди корҳо дар намояндагиҳои Зарафшону Варзоб низ иҷро шудаанд. Сафи назар аз аз вазъияти мураккаб, роҳдорон кӯшиш карда истодаанд то ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин бошад. Дар анҷом додани корҳои зикргардида дар минтақаи Варзоб 13 адад, дар минтақаи Зарафшон 7 адад ва дар минтақаи Суғд 19 адад мошину механизмҳо ҷалб карда шудаанд», – забар медиҳад IRS.

Ширкат аз истфодабарандагони роҳ даъват мекунад, ки бо дарназардошти вазъияти баамаломада ва шароити кӯҳистон, бо омодагии ҳаматарафа ба сафар баромада, аз гирифтани изофабор худдорӣ намоянд. Ҳамчунин ба хотири ҷилавгирӣ аз сар задани ҳодисаҳои нохуш шабона ба сафар баромадан тавсия дода намешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.