CҶТ: Аз рӯи шумори никоҳи бармаҳал Тоҷикистон пешсаф аст

Бино ба маълумоти Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), дар Тоҷикистон нишондиҳандаҳои баланди сабти никоҳи бармаҳал мавҷуданд. Ба рӯйхати кишварҳои пешсаф Молдова, Гурҷистон ва Туркия низ шомил мебошанд. Тибқи маълумоти Маркази иттилооти СММ, афзоиши шумори никоҳҳои бармаҳал дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки бештар ба нигоҳдории айнияти миллӣ такя мекунад, нигаронӣ ба бор меоварад. Дар ин […]

Маҳпора Киромова


Бино ба маълумоти Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), дар Тоҷикистон нишондиҳандаҳои баланди сабти никоҳи бармаҳал мавҷуданд. Ба рӯйхати кишварҳои пешсаф Молдова, Гурҷистон ва Туркия низ шомил мебошанд.

Тибқи маълумоти Маркази иттилооти СММ, афзоиши шумори никоҳҳои бармаҳал дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки бештар ба нигоҳдории айнияти миллӣ такя мекунад, нигаронӣ ба бор меоварад. Дар ин масъала осебпазирии бештари духтарони ҷӯгиҳо ва арӯсони навраси минтақаи Осиёи Марказӣ зикр мегардад.

Бино ба иттилои СҶТ, 19%-и духтарон бидуни расидан ба синни 18-солагӣ ба шавҳар баромадаанд. «Никоҳи бармаҳал барои духтарони наврас оқибатҳои ногувор дошта, онҳоро аз имкони пешбурди зиндагии минбаъда маҳрум месозад. Дар оилаҳои нав онҳо мавриди фишори равониву ҷисмонӣ қарор мегиранд. Сабаби аслии маргумири духтарони синнусоли аз 15 то 19-сола мушкилот зимни ҳомиладории бармаҳал аст», – гуфта мешавад дар маълумоти СҶТ.

Дар ин робита, СҶТ, Бунёди нуфуси СММ ва шарикони байнулмилалии он муборизаи қотеъона барои аз байн бурдани никоҳҳои бармаҳалро изҳор доштаанд. Ҳамчунин онҳо аз кишварҳо даъват ба амал овардаанд, ки никоҳи бармаҳалро ҳамчун нақзи ҳуқуқи инсон ва хатар ба солимии наврасон эътироф намуда, стратегияҳо оид ба пешгирии ин падидаи зарароварро таҳия созанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.