Азсаргирии сохтмони терминали нави фурудгоҳи Душанбе

spot_imgspot_img

Дата:


Ширкати фаронсавии Vinci сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро дубора оғоз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати ҳавопаймоии шаҳрвандии Вазорати нақлиёти ҶТ Фирӯз Эшонқулов хабар дод, корҳои бунёди терминали нави фурудгоҳи пойтахт санаи 28-уми декабри соли гузашта барқарор карда шуданд.

«Чанде қабл мо аз ин ширкат реҷаи роҳандозии корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкурро дастрас намуда, муддати ҳар як 10-рӯза бо ҷараёни корҳо ошно хоҳем шуд ва натоиҷи он дар саҳфаи интернетии вазорат дарҷ карда мешаванд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли шоҳидон, айни замон бо истифода аз шумори зиёди техника дар майдони сохтмони терминали нав корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2009 миёни Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расид. Авввали соли 2010 корҳои сохтмони терминал аз ҷониби собиқ паймонкорони лоиҳа – ширкатҳои фаронсавии Alpha airport ва Sofema Group боздошта шуд.

Он замон муовини директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошта буд, ки «сабаби мутаваққиф сохтани сохтмони терминали нав номутобиқатии меъёрҳои сохтмонии ҷонибҳо мебошад».

Тибқи баъзе маълумот, он замон ширкатҳои фаронсавӣ ҷиҳати барқарор кардани корҳои сохтмонӣ маблағгузории иловагӣ талаб карда будаанд.

Моҳи октябри соли гузашта палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави ФБД аз 1-уми майи соли 2009 ва Созишномаи иловагӣ ба протоколи мазкур аз 29-уми июни соли 2012-ро тасдиқ кард.

Тибқи созишномаи иловагӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сохтмони терминали нав аз 7 млн. то 19 млн. евро меафзояд. Ҳисаии Фаронса дар лоиҳаи мазкур бошад, дар ҳаҷми пешина – 20 млн. евро боқӣ мемонад. Аз ҷониби Фаронса ширкати Vinci паймонкори кулли сохтмони иншоот таъин шудааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...