Вазири маориф: Нафақахӯрон чун обуҳаво ба мо заруранд

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар робита ба супориши Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бобати қатъи қарордод бо нафақахӯрон изҳор намуд, ки сарфи назар аз синнусол, кормандони бахши маориф аз вазифаҳояшон барканор карда намешаванд. «Аксари кормандони нафақахӯр кадрҳои соҳибтаҷриба буда, ба мо чун обуҳаво заруранд, вале супориш бо ин мақсад […]

Маҳпора Киромова


Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар робита ба супориши Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бобати қатъи қарордод бо нафақахӯрон изҳор намуд, ки сарфи назар аз синнусол, кормандони бахши маориф аз вазифаҳояшон барканор карда намешаванд.

«Аксари кормандони нафақахӯр кадрҳои соҳибтаҷриба буда, ба мо чун обуҳаво заруранд, вале супориш бо ин мақсад дода шуд, ки баъзе вазифаҳоро кормандони нафақахӯр муддати зиёда аз 10 сол ишғол мекунанд ва аз ин рӯ, барои кадрҳои ҷавон низ мебояд имконият дод», – гуфт вай.

Ба қавли вазир, донишу таҷрбаи кадрҳои синнусоли нафақаро вазорат дар омодасозии кадрҳои илмӣ истифода хоҳад кард ва ҳамин тариқ, омодасозии кадрҳо дар аспирантура ва докторантура беҳтар хоҳад шуд.

«Агар соли 2011 150 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 18 нафар рисолаҳои докторӣ ҳимоя карда бошанд, пас соли гузашта ин нишондиҳанда мутаносибан ба 175 рисолаи номзадӣ ва 38 рисолаи докторӣ баробар шуд», – гуфт Н.Саидов.

Дар робита ба мушкилоти аз таҳсил дур мондани духтарон дар ҷумҳурӣ вазир иброз дошт, ки феълан сатҳи ҷалби толибилмон ба макотиби таҳсилоти умумии кишвар 95-96% ва сатҳи азхудкунии дониш то 80% боло рафтааст ва танҳо як миқдори кӯдакони имконияташон маҳдуд аз таҳсил дур мондаанд.

Оид ба масъалаи норасоии омӯзгорон дар макотиб Нуриддин Саидов зикр кард, ки айни замон макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ҳамагӣ ба 115 нафар омӯзгор ниёз доранд. «Соли равон баҳри таҳсил ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ 1 ҳазору 269 нафар донишҷӯёни тоҷик сафарбар шуданд», – иброз дошт вай.

Доир ба масъалаи маблағгузорӣ ба бахши маориф дар соли 2012 вазир қайд кард, ки бо назардошти барномаҳои сармоягузорӣ, соли гузашта ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф 1607,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 ба андозаи 18% зиёдтар аст. «Соли равон ба соҳаи маориф дар ҳаҷми беш аз 2 млрд. сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст», – афзуд Н.Саидов. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.