Ш.Салимзода: Амалиёти Хоруғ бояд дарси ибрат бошад

Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки амалиёти Хоруғ натанҳо ба гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ВМКБ, балки  дар саросари ҷумҳурӣ бояд дарси ибрат бошад. Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни тафтишоти рӯйдодҳои Хоруғ муайн шуд, ки чанде аз афрод аслиҳаи дар ихтиёр доштаашонро таслим накарда, бо ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ барои содир […]

Наргис Ҳамробоева


Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки амалиёти Хоруғ натанҳо ба гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ВМКБ, балки  дар саросари ҷумҳурӣ бояд дарси ибрат бошад.

Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни тафтишоти рӯйдодҳои Хоруғ муайн шуд, ки чанде аз афрод аслиҳаи дар ихтиёр доштаашонро таслим накарда, бо ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ барои содир намудани ҷиноёти вазнин гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша созмон додаанд.

«Ин гурӯҳҳо дар содир намудани 20 ҷинояти вазнин гумонбар дониста шуда, ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ монеъа эҷод мекарданд ва ба мақомоти давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, онҳоро мавриди лату кӯб қарор медоданд ва ба амволи давлатӣ зарар мерасониданд», – иброз дошт прокурори генералӣ.

Дар идома Ш.Салимзода иттилоъ дод, ки дар натиҷаи корҳои таблиғотии сохторҳои дахлдор миёни аҳолии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон аз 25-уми июл то 20-уми декабри соли гузашта дар зарфи 5 моҳ сокинони маҳаллӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ихтиёран ҳамагӣ 325 адад яроқҳои оташфишон ва миқдори зиёди лавозимот ва дигар муҳимоти ҷангиро супурданд, ки аз 105 адад автоматҳои Калашникови гуногунтамға, 5 адад пулемёти Калашников, 118 адад таппончаҳои гуногун, як миномёт, 7 адад норинҷакафкан, 3 адад милтиқи мерганӣ (снайперӣ), 22 ҳазор адад тирҳои гуногун, 159 адад снарядҳои гуногун, 3 адад минаҳо, 190 адад норинҷакҳо (гранатаҳо)-и дастӣ, 8 адад тротил, 800 гр. тротил, 80 кг. моддаи худсози тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ иборат аст.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли гузашта Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор кард, ки тафтиши парвандаҳои ҷиноии афродеро, ки пас аз рӯйдодҳои тобистони соли равон дар Хоруғ аз 25 июл то 20 декабр ихтиёрӣ аслиҳаро супурданд,

қатъ мекунад.

Парвандаҳои ҷиноии мазкур мутобиқи моддаи 195-и КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) боз шуда буданд.

Хотиррасон менамоем, ки 24-уми июли соли гузашта дар шаҳри Хоруғ ҷиҳати нобуд кардани қотилони генерали хадамоти махсуси ҷумҳурӣ Абдулло Назаров, ки санаи 21-уми июл дар ин шаҳр кушта шуда буд, амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ оғоз гардид. Пас аз амалиёт ҷиҳати таҳқиқи рӯйдодҳои моҳҳои июл-августи соли равон дар Хоруғ гурӯҳи тафтишотӣ таъсис дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.