Дар шаҳри Сочи ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви ИДМ ба кор шурӯъ мекунад

            Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов дар кори ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки имрӯз дар шаҳри Сочи ифтитоҳ мегардад, иштирок мекунад.             Аз маркази матбуоти вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иштирокдорони ҷаласа масоили андешидани чораҳои […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов дар кори ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки имрӯз дар шаҳри Сочи ифтитоҳ мегардад, иштирок мекунад.





           

Аз маркази матбуоти вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иштирокдорони ҷаласа масоили андешидани чораҳои муштарак бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, тақвияти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ ва нақшаи амалиёти муштарак дар мубориза бо дигар ҷиноятҳои муташаккилро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.




           

Зикр гардид, ки дар кори ҷаласа ба ҷуз вазирони умури дохилӣ, ҳамчунин ҳайатҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ, Маркази зиддитеррористии иттиҳод, Дафтари ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ ширкат хоҳанд варзид. Дар ҷаласа ба имзо расидани як қатор асноди байнулмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар назар аст.




           

Манбаъ афзуд, ки 24-уми октябр дар доираи чорабиниҳои ҷаласаи шӯро тамринҳои махсуси байнулмилалӣ оид ба андешидани чораҳо ҳангоми амалҳои террористӣ дар иншооти варзишӣ баргузор мешавад, ки дар он беш аз 180 корманди воҳидҳои махсуси Вазоратҳои умури дохилии Русия ва Белорус иштирок хоҳанд кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.