Натиҷагирӣ аз озмуни парлумон оид ба экология

Комиссияи озмунии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз озмун оид ба мақолаи беҳтарин миёни рӯзноманигорон дар мавзӯи экология натиҷагирӣ кард. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, раиси Комиссияи озмуни мазкур, муовини аввали раиси МН МО ҶТ Амиршо Миралиев ба ғолибони озмун мукофотҳои пулӣ супурд. Мувофиқи қарори Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, […]

ASIA-Plus


Комиссияи озмунии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз озмун оид ба мақолаи беҳтарин миёни рӯзноманигорон дар мавзӯи экология натиҷагирӣ кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, раиси Комиссияи озмуни мазкур, муовини аввали раиси МН МО ҶТ Амиршо Миралиев ба ғолибони озмун мукофотҳои пулӣ супурд.

Мувофиқи қарори Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ба ҷойи якум барои мақолаи «Мушкилоти обию энергетикии Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли он» ва мукофоти пулии 800 сомонӣ Анвар Камолиддинов, ба зинаи дуюм барои мақолаҳои «Зеленой» экономике – зелёный свет» ва «Водная политика и продовольственная безопасность» ва мукофоти пулии 600 сомонӣ Анна Калюжная ва ба мақоми сеюм барои мақолаи «Экологияи сиёсии Тошканд» ва мукофоти пулии 400 сомонӣ Қамари Аҳрор сазовор дониста шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар озмуни санаи 13-уми декабри соли 2011 аз ҷониби МН МО ҶТ эълоншуда дар маҷмӯъ 50 нафар журналистони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.