Омодагирӣ ба насби сутуни истифодабарӣ ба чоҳи «Шаҳринав-1п»

Насб ё фаровардани сутуни истифодабарӣ ба чоҳи ҷустуҷӯии «Шаҳринав-1»-и минтақаи нафту гази Сариқамиш моҳи январи соли равон сурат мегирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд, аз чуқурии нақшавии 6,3 ҳазор метр дар чоҳи «Шаҳринав-1п» 5 ҳазору 563 метр чуқурӣ парма шуда, иҷрои корҳо дар он қариб ба 90% расидааст. […]

Заррина Эргашева


Насб ё фаровардани сутуни истифодабарӣ ба чоҳи ҷустуҷӯии «Шаҳринав-1»-и минтақаи нафту гази Сариқамиш моҳи январи соли равон сурат мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд, аз чуқурии нақшавии 6,3 ҳазор метр дар чоҳи «Шаҳринав-1п» 5 ҳазору 563 метр чуқурӣ парма шуда, иҷрои корҳо дар он қариб ба 90% расидааст.

«Мо чорабиниҳои техникӣ гузаронида, ба насб ё фаровардани сутуни исстифодабарӣ ба чоҳ омодагирӣ дорем. Бо анҷоми корҳои пармакунӣ тавассути ин сутун фосилаҳои ҷустуҷӯӣ санҷида шуда, кӯшиш хоҳем кард, ки аз онҳо маҳсулоти озмоишӣ истихроҷ намоем», – гуфтанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, дар бораи ҳаҷми захираҳои нафту газ танҳо баъди баргузории озмоиши дахлдор метавон ҳарф зад. «То ахири семоҳаи аввали соли 2013 анҷоми корҳои пармакунӣ ва дар семоҳаи дуюми ҳамин сол баргузор намудани озмоишҳо дар назар аст», – зикр карданд дар намояндагии ширкати Gazprom International.

Ёдрас мекунем, ки ширкати русиягии Gazprom International 7-уми декабри соли 2010 ба корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз карда, анҷоми корҳо ахири соли 2012 тарҳрезӣ шуда буд, вале бинобар сабаби пайдо гардидани баъзе мушкилот дар ҷараёни кор вақти бештаре лозим шуд.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.