Н.Салимов: Мо Қувватовро бемори рӯҳӣ эълон накардаем

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов изҳор кард, ки вазорат мухолифи ҳукуумати кунунӣ Умаралӣ Қувватовро бемори рӯҳӣ эълон накардааст. Ба қавли вазир, бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазорат танҳо дар бораи аз соли 1998-ум то соли 2008-ум дар қайди Маркази ҷумҳуриявии клиникии равонпизишкии вазорат қарор доштани Умаралӣ Қувватов маълумот дода буд. «Мо […]

Маҳпора Киромова


Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов изҳор кард, ки вазорат мухолифи ҳукуумати кунунӣ Умаралӣ Қувватовро бемори рӯҳӣ эълон накардааст.

Ба қавли вазир, бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазорат танҳо дар бораи аз соли 1998-ум то соли 2008-ум дар қайди Маркази ҷумҳуриявии клиникии равонпизишкии вазорат қарор доштани Умаралӣ Қувватов маълумот дода буд.

«Мо аз вазъи кунунии солимии ӯ огаҳӣ надорем ва агар ӯ истирдод шавад, такроран мебояд вазъи рӯҳии ӯ таҳқиқ гардад ва мутобиқи он, мо хулосаи худро пешниҳод мекунем», – гуфт Н.Салимов.

Дар робита ба маърази умум гузоштани сирри тиббӣ дар ин ҳолат вазир зикр кард, ки Вазорати тандурустӣ дар бораи вазъи рӯҳии У. Қувватов ба ВАО маълумотнома пешниҳод накардааст. «Аз чӣ гуна дастраси ВАО шудани маълумотнома ман огаҳӣ надорам. Танҳо ҳаминро медонам, ки бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мо ба онҳо маълумот пешниҳод кардем, вале минбаъд чӣ тарз сурат гирифтани масъаларо шумо аз онҳо бояд ҷӯё шавед», – изҳор кард Н.Салимов.

Ӯ ҳамчунин афзуд, танҳо суд ҳуқуқ дорад, ки У.Қувватовро бемори рӯҳӣ эълон кунад, на Вазорати тандурустӣ.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи сентябр тариқи ВАО бо истинод ба намояндагони расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон бобати ба бемории равонӣ мубтало будани Умаралӣ Қувватов маълумот мунташир шуд. Дар маълумоти мазкур ба гирифтории Қувватов ба навъе аз бемории «шизофрения» ё васвосӣ ишора рафта буд.  

 Қобили зикр аст, ки ду сол қабл дар шаҳри Маскав чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳукумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.