Боздошти террористони эҳтимолӣ дар Суғд

Дар вилояти Суғд ду нафар шахсони гумонбар ба фаъолияти террористӣ боздошт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, амалиёт аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ доир гардидааст. «Тибқи маълумоти пешакӣ, террористони эҳтимолӣ дар яке аз манзилҳои зист пинҳон шуда, зимни боздошт муқовимати мусаллаҳона […]

ASIA-Plus


Дар вилояти Суғд ду нафар шахсони гумонбар ба фаъолияти террористӣ боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, амалиёт аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ доир гардидааст.

«Тибқи маълумоти пешакӣ, террористони эҳтимолӣ дар яке аз манзилҳои зист пинҳон шуда, зимни боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд, ки дар натиҷа як корманди гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) захмӣ шудааст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз боздоштшудагон аслиҳаи оташфишон ва дигар воситаҳои алоқа дарёфт ва мусодира гардидааст. Аз ҷузъиёти дигари ҳодиса маълумот дода нашуд.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, соли сипаришуда дар Тоҷикистон барои даст доштан дар фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ 144 нафар дастгир шуданд. Миёни дастгиршудагон – 36 нафарашон аъзои созмонҳои фаъолияташон мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир», 11 тан аъзои «Ҷамъияти Таблиғ», 76 нафар аъзои Ҳаракати исломии Туркистон, ва 15 нафар аъзои «Ҷамоати Ансоруллоҳ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.