Нашри китоби «Роҳнамои буҷети Тоҷикистон»

Бо кӯмаки молиявии Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон китоби «Роҳнамои Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забонҳои русиву тоҷикӣ бо теъдоди 500 нусха ба табъ расид. Тавре аз Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, муаллифони китоб Каримова Мавзуна, Муминова Фарида ва Соҳибов Шавкат кӯшидаанд, […]

ASIA-Plus


Бо кӯмаки молиявии Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон китоби «Роҳнамои Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забонҳои русиву тоҷикӣ бо теъдоди 500 нусха ба табъ расид.

Тавре аз Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, муаллифони китоб Каримова Мавзуна, Муминова Фарида ва Соҳибов Шавкат кӯшидаанд, ки дар бораи системаи буҷавӣ, қонунгузории буҷа, раванди буҷа, касри буҷа ва қарзи давлатӣ, сиёсати буҷавӣ ва усулҳои иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули буҷа дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ маълумот диҳанд.

Тоҷикистон бо роҳи тавсиаи равандҳои демократӣ дар ҳамаи соҳаҳои идораи давлатӣ рушд мекунад. Дар ҳамин ҳол ислоҳоти маъмурӣ бо дигаргуниҳои иқтисодӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, яке аз омилҳои самараноки идораи иқтисодиёт ва ислоҳот, дарки ин равандҳо аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни идора мебошад. Ба вежа фаҳмиши соҳаи буҷа ҳамчун олоти муҳими сиёсати давлатӣ зарур аст.

Феълан, ба раванди буҷа вазоратҳои соҳавӣ, ТҒД, мақомоти худидораи маҳаллӣ ва аҳолӣ фаъолона ҷалб карда мешаванд. Минбаъд ин раванд боз ҳам тавсиа меёбад, зеро масъулияти буҷаи боадолати иҷтимоӣ на танҳо ба дӯши ҳукумат, балки ба дӯши худи шаҳрвандон, ки ҳамчун андозсупорандаҳо дар ташаккули буҷа иштирок карда, ҳамзамон истеъмолгарони хидматҳои иҷтимоӣ мебошанд, низ гузошта мешавад.

Бинобар ин вазифаи асосии роҳнамои мазкур дарк кардани чӣ буданӣ буҷа, барои чӣ он зарур аст ва чӣ хел он баррасиву қабул карда мешавад, пули давлат ба куҷо равона карда мешавад ва он ба ҳаёти ҳар як шаҳрванд чӣ таъсире дорад, мебошад. Ҳамчунин дар китоб оид ба он ки ҳар як шаҳрванд ба буҷаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ чӣ хел таъсир расонида метавонад, маълумот дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.