Ифтитоҳи маркази Toyota Tsusho дар Душанбе

Чанде қабл вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Ҷопон бо сардори бахши лоиҳакашии ширкати «Тойота Тсушо» (Toyota Tsusho) Наоҳико Сейке ва менеҷери ширкат Масашиге Нишӣ баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ имкониятҳои ҳамкории тиҷоратӣ, аз қабили хариду фурӯш ва таъмири автомобилҳо ва масъалаи кушодани маркази махсуси фурӯш ва таъмири автомобилҳои ширкати «Тойота» […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Ҷопон бо сардори бахши лоиҳакашии ширкати «Тойота Тсушо» (Toyota Tsusho) Наоҳико Сейке ва менеҷери ширкат Масашиге Нишӣ баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ имкониятҳои ҳамкории тиҷоратӣ, аз қабили хариду фурӯш ва таъмири автомобилҳо ва масъалаи кушодани маркази махсуси фурӯш ва таъмири автомобилҳои ширкати «Тойота» дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, баъд аз музокироти қариб дусола ширкати «Тойота Тсушо» тасмим гирифтааст, ки маркази махсуси фурӯш ва таъмири автомобилро дар ҷумҳурӣ таъсис диҳад. Маросими ифтитоҳи маркази мазкур дар Душанбе моҳи апрели соли ҷорӣ дар назар аст.

Узви Toyota Group – ширкати Toyota Tsusho яке аз ширкатҳои бузурги тиҷоратии Ҷопон маҳсуб меёбад. Ширкат дар бахши тиҷорати автомобил фаъолият дошта, ҳамчунин лоиҳаҳо оид ба технологияи олӣ, истеҳсоли ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро амалӣ менамояд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.