Боздошти 144 нафар ифротгарои эҳтимолӣ дар соли гузашта

Соли сипаришуда дар Тоҷикистон барои даст доштан дар фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ 144 нафар дастгир шуданд. Зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар ин робита қайд кард, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 123 нафарон ба барассии судҳо фиристода шуда, тафтишот аз рӯи парвандаҳои боқимонда идома дорад. «Миёни дастгиршудагон – 36 нафарашон аъзои созмонҳои фаъолияташон […]

Наргис Ҳамробоева


Соли сипаришуда дар Тоҷикистон барои даст доштан дар фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ 144 нафар дастгир шуданд.

Зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар ин робита қайд кард, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 123 нафарон ба барассии судҳо фиристода шуда, тафтишот аз рӯи парвандаҳои боқимонда идома дорад.

«Миёни дастгиршудагон – 36 нафарашон аъзои созмонҳои фаъолияташон мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир», 11 тан аъзои «Ҷамъияти Таблиғ», 76 нафар аъзои Ҳаракати исломии Туркистон, ва 15 нафар аъзои «Ҷамоати Ансоруллоҳ мебошанд», – гуфт ӯ.

Мутобиқи маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, соли гузашта дар ҷумҳурӣ наздики 16,6 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2009 ба андозаи 34 фоиз бештар аст. Зиёд шудани омор одатан ба беҳтар шудани кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бақайдгирии беҳтари ҷиноятҳои содиршуда шарҳ дода мешавад.

 Шерхон Сализода ҳамчунин гуфт, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ, шумораи ҳодисаҳои худкушӣ то 48 дарсад ва бухусус дар вилояти Суғд афзудааст. «Соли гузашта 164 ҷинояти аз чониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва судҳо содиршуда ошкор гардид, ки аз онҳо 101 ҳодисааш ба сӯистифода аз вазифа ва коррупсия алоқаманд мебошад», – афзуд прокурори генералии ҶТ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.