Иҷозати парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе

Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пас аз таваққуфи чандсоата барои парвозҳо иҷозат дод. Тавре сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, шурӯъ аз соати 11:30-и имрӯз ба хатсайрҳое, ки бинобар сабаби боридани барфи баланд парвозашон ба таъхир уфтода буд, ба парвозҳо омодагӣ гирифта шуда, дар хатсайри Душанбе–Москва бақайдгирии мусофирон анҷом ёфт. «Баландии барфи борида дар хати […]

ASIA-Plus


Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пас аз таваққуфи чандсоата барои парвозҳо иҷозат дод.

Тавре сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, шурӯъ аз соати 11:30-и имрӯз ба хатсайрҳое, ки бинобар сабаби боридани барфи баланд парвозашон ба таъхир уфтода буд, ба парвозҳо омодагӣ гирифта шуда, дар хатсайри Душанбе–Москва бақайдгирии мусофирон анҷом ёфт.

«Баландии барфи борида дар хати нишасту парвоз 4 см ро ташкил кард. Хадамоти марбута пас аз каме паст шудани шиддати барфборӣ ба кор шурӯъ карданд ва дар ин соат хати нишасту парвоз, роҳравҳои зимомӣ ва тавақуфгоҳҳо аз барф тоза шуда, имкони қабул ва парвози ҳавопаймоҳо муяссар гардид», – гуфт ӯ.

Ба қавли вай, алъон ҳавопаймои хатсайри Москва–Душанбе, ки аз фурудгоҳи Внуково парвоз кард дар фурудгоҳи Самарқанд нишаста, хатсайрҳои Қазон-Душанбе, Екатеринбург-Душанбе, Москва-Душанбе дар фурудгоҳи Хуҷанд интизори парвозанд.

Ин соате, ки хабар омода мешавад, парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Душанбе ба ҳамаи хатсайрҳо иҷозат дода шуда, қабули ҳавопаймоҳо пас аз чанде шурӯъ хоҳад шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.