Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми имрӯз дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар консерти пуршукӯҳе, ки ба ин муносибат доир мегардад, устодони санъати Қазоқистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар маросими ифтитоҳ муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон ва Минбой Дархон, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абдулатиф Аҳмедов ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод намоишгоҳи асарҳои рассомони қазоқ боз гардида, дар кинотеатри «Ҷомӣ» намоиши филмҳои коргардонҳои қазоқ шурӯъ шуд..
Чорабиниҳои фарҳангӣ то рӯзи 24-уми октябр идома ёфта, он бо консерти пуршукӯҳи устодони санъати Қазоқистон ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.


