Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Раҳматҷон Бобокалонов ба сифати роҳбари ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи навбатии ситодро баргузор кард.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки дар ҷаласа бобати то 26-уми январ ба анҷом расонидани тамоми корҳои омодагӣ тасмим гирифта шуда, дар ҷамоатҳои Зиракӣ ва Даҳана тайёр кардани макони будубош барои 50 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода зарур аст.
«Ҳамчунин дар мавриди ҷалби техникаи зарурӣ, аз ҷумла техникаи хусусӣ бо пардохти маблағи истифода ва сафарбар намудани аҳолӣ ба ҳашари маъмулӣ ҷиҳати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ супоришҳои мушаххас дода шуд», – гуфт ӯ.
Ба қавли Ҳасанов, даҳаи дуюми моҳи феврал дар яке аз сойҳои аз нигоҳи селфароӣ пурхатари минтақаи ҷанубӣ кишвар – сойи Зиракӣ (ҷамоати ноҳияи Кӯлоб) маъмурияти сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент амалисозии барномаи соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи3 млн. сомониро оғоз мекунад.


