Омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии Сочи

Аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои омодагии ду нафар варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои литсензионӣ – яке Андрей Дригин ва дигаре Соҳибназари Турсунмурод идрорпулии олимпӣ (стипендия) ҷудо мегардад. Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев хабар дод, ин маблағ баҳри омодагии ин ду варзишгар ба Бозиҳои олимпии зимистонаи Сочӣ дар соли 2014 маҳсуб ёфта  давоми […]

ASIA-Plus


Аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои омодагии ду нафар варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои литсензионӣ – яке Андрей Дригин ва дигаре Соҳибназари Турсунмурод идрорпулии олимпӣ (стипендия) ҷудо мегардад.

Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев хабар дод, ин маблағ баҳри омодагии ин ду варзишгар ба Бозиҳои олимпии зимистонаи Сочӣ дар соли 2014 маҳсуб ёфта  давоми як сол тӯл мекашад.

Бояд тазаккур дод, ки Андрей Дригин  борҳо шарафи кишвари моро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳимоя менамояд ва аз ин қабл дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Ванкувер ширкат намуда буд. 

Соҳибназари Турсунмурод бошад 17-сол дошта, дар Бозиҳои зимистонаи Эрон, Қазоқистон ва чанде дигар мусобиқаҳо ширкат намуда, чемпиони Тоҷикистон оид ба лижаронӣ мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.