Афзоиши босуръати истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон

Дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта моҳи аввали соли равон истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон беш аз ду маротиба афзуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи янвраи имсол дар кишвар зиёда аз 15 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта […]


Дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта моҳи аввали соли равон истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон беш аз ду маротиба афзуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи янвраи имсол дар кишвар зиёда аз 15 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта тақрибан 8 ҳазор тонна бештар аст.

Ба иттилои манбаъ, моҳи гузашта ҳаҷми фурӯши ангишт дар саросари ҷумҳурӣ ҳудуди 13,7 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 6,8 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ зикр мекунанд, ки афзоиши ҳаҷми фурӯш ба гузаштани бисёре аз корхонаҳо, аз ҷумла ширкати бузурге чун КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ба истифодаи ангишт ҳамчун сӯзишвории алтернативӣ марбут аст.

Гуфта мешавад, айни замон захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш 36,4 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Айни замон дар саросари кишвар ҳудуди 2 ҳазор нуқтаҳои фурӯши ангишт амал мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ 154 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро пурра бо ангишт ба роҳ монданд, ки талаботи умумии солонаи онҳо зиёда аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Соли гузашта истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ

ба 412 ҳазор тонна

расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 175 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.