HRW: Дар иншооти олимпии Сочи муҳоҷирони корӣ дар азобанд

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch роҷеъ ба вазъи ногувори муҳоҷирони корӣ дар иншооти сохтмонии олимпии шаҳри Сочи маълумот дод. Дар гузориши созмон таҳти унвони «Рекордҳои баръакси олимпӣ: истисмори муҳоҷирони корӣ дар ҷараёни омодагӣ ба Олимпиадаи зимистонаи Сочи-2014» зикр мегардад, ки дар ин иншоот муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон, Арманистону Сербия ва […]

ASIA-Plus


Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch роҷеъ ба вазъи ногувори муҳоҷирони корӣ дар иншооти сохтмонии олимпии шаҳри Сочи маълумот дод.

Дар гузориши созмон таҳти унвони «Рекордҳои баръакси олимпӣ: истисмори муҳоҷирони корӣ дар ҷараёни омодагӣ ба Олимпиадаи зимистонаи Сочи-2014» зикр мегардад, ки дар ин иншоот муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон, Арманистону Сербия ва Украина мавриди фиребу истисмор қарор мегиранд.

Бо такя ба гувоҳии 66 нафар коргарон аз иншооти муҳими Олимпиада, муаллифи гузориш қайд кардааст, ки ба коргарон музди меҳнаташон пардохт нагардида, онҳоро бидуни рӯзи истироҳат то 12 соат дар як шабонарӯз ба кор кардан маҷбур месозанд. «Ғайр аз ин, шиносномаву иҷозатномаҳо барои кори онҳоро гирифта, корфармоён одамонро дар «шароитҳои истисморӣ» нигоҳ медоранд», – иброз доштааст вай.

Таҳқиқоти HRW оид ба вазъи муҳоҷирони корӣ дар иншооти сохтмонии Олимпиадаи Сочи-2014 соли 2009 оғоз ва моҳи декабри соли 2012 ба итмом расид. «Дар як қатор ҳолатҳо корфармоён бо мақсади ситонидани қасос аз коргарони хориҷие, ки ба қонуншиканиҳо эътироз оварда буданд, онҳоро ба дасти ҳукуматдорон супоридаанд, ки ба хориҷ карданашон аз қаламрави Русия боис шудааст», – гуфта мешавад дар гузориш.

Бино ба маълумоти расмии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, соли гузашта ҳудуди 878 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору муҳоҷират дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд. Аммо тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.