Шикояти кассатсионии ҳимоятгари раиси ҲНИТ ба суди Душанбе

Имрӯз Бузургмеҳр Ёров, ҳимоятгари раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз болои ҳалномаи суди ноҳияи Синои пойтахт ба суди шаҳри Душанбе шикоят бурд. Суд қарор карда буд, ки сиёсатмадор бояд расман тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдорӣ узр пурсида, даъвои муқобили даъвои ҳимоятгари Муҳидин Кабирӣ нисбати мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 20 млн. сомонӣ […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз Бузургмеҳр Ёров, ҳимоятгари раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз болои ҳалномаи суди ноҳияи Синои пойтахт ба суди шаҳри Душанбе шикоят бурд. Суд қарор карда буд, ки сиёсатмадор бояд расман тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдорӣ узр пурсида, даъвои муқобили даъвои ҳимоятгари Муҳидин Кабирӣ нисбати мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 20 млн. сомонӣ рад карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, нусхаи ҳалномаи суд имрӯз ба ӯ дастрас гардида, дарҳол ба зинаи болоии судӣ – суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ омода намудааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки мурофиаи судӣ миёни мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Муҳиддин Кабирӣ баҳри баҳо додан ба то кадом андоза мустақил будани мақомоти судӣ имкон медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29-уми январ суди ноҳияи Синои пойтхт

қарор кард

, ки раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ бояд тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдории пойтахт узр бипурсад.

Ҳамчунин даҳаи дуюми моҳи январи соли равон намояндагони ҳимояи пешвои ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошта буданд, ки ҳудуди

сад нафар сокинони пойтахтр

о, ки аз буридани дарахтон дар шаҳри Душанбе изҳори норозигӣ мекунанд, ба сифати шоҳидон ба мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбати раиси ҲНИТ даъват карданианд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.