Нигаронии ҳомиёни ҳуқуқи ОМ аз истирдоди имконпазири Абдуллоҷонов

Рӯзи 6-уми феврал дар Ҳамоиши созмонҳои ҳомии ҳуқуқи минтақавӣ таҳти унвони «Ҳамраъйӣ, ҳамкории муштарак, дастгирӣ» дар Киев ҳомиёни ҳуқуқи минтақаи Осиёи Марказӣ аз истирдоди имконпазири собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд. Дар изҳороти муштараки санаи 7-уми феврал интишоршудаи ҳомиёни ҳуқуқи ОМ зикр мегардад, ки истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон, ки «низоми судии […]

ASIA-Plus


Рӯзи 6-уми феврал дар Ҳамоиши созмонҳои ҳомии ҳуқуқи минтақавӣ таҳти унвони «Ҳамраъйӣ, ҳамкории муштарак, дастгирӣ» дар Киев ҳомиёни ҳуқуқи минтақаи Осиёи Марказӣ аз истирдоди имконпазири собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд.

Дар изҳороти муштараки санаи 7-уми феврал интишоршудаи ҳомиёни ҳуқуқи ОМ зикр мегардад, ки истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон, ки «низоми судии он як асбоби муҷозоти ҳукуматдорон барои сиёсатмадорону шаҳрвандони фаъоли мухолиф асту маҳбусон мавриди шиканҷаву азоб қарор мегиранд, ба ҷони ӯ хатар эҷод месозад».

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Абдуллоҷонов дар пойтахти Украина, ки раёсати САҲА-ро бар дӯш дорад, боздошт гардид. Намояндаи минтақавии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон дар Белорус, Молдова ва Украина Олдрих Андрисек дар посух ба саволи рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошт, ки ҳатто дар сурати дар мавриди ҷустуҷӯи Интерпол қарор доштан, шахс метавонад таъмини ҳифзи байнулмилалиро талаб намуда, мақоми гурезаро соҳиб шавад.

«Агар касе дар рӯйхати Интерпол пайдо шавад, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки ӯ гунаҳкор аст. Мутаассифона, дар рӯйхати Интерпол баъзан рақибони сиёсӣ низ пайдо мешаванд. Дар Оинномаи ин ташкилот дақиқан зикр шудааст, ки Интерпол наметавонад ба хотири даст ёфтан ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода гардад», – иброз доштааст Андрисек.

«Истирдоди Абдуллоҷонов бархилофи нақзи муқаррароти Конвенсияи СММ зидди шиканҷа, Конвенсияи СММ оид ба мақоми гурезагон ва бо назардошти ҳадафҳои сиёсии таъқиби ӯ дар Тоҷикистон, метавонад ҳам ба нуфузи Украинаву ҳам дар маҷмӯъ САҲА, ки раёсаташро соли 2013 Украина ба ӯҳда дорад, латма ворид созад», – омадааст дар изҳорот.

Иштирокдорони Ҳамоиш аз ҳукуматдорони Украина даъват ба амал овардаанд, ки бо пуштибонӣ аз ҳуқуқи байнулмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва мурофиаи судии боадолат ба истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд.

Абдумалик Абдуллоҷонов яке аз шахсони маъруфи солҳои 90-и асри гузаштаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Соли 1992 ӯ нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, дар ин мансаб то моҳи декабри соли 1993 фаъолият дошт. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Русия низ ифои вазифа намудааст.

Пас аз шикаст дар маъракаи интихоботи президентӣ дар соли 1994 ӯ Тоҷикистон тарк намуда, дар кишварҳои Ғарб зиндагӣ мекард.

Ҳамчунин тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Абдуллоҷонов дар маблағгузории ошӯби полковник Маҳмуд Худойбердиев низ гумонбар дониста мешавад, ки соли 1998 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ фурӯ нишонда шуда буд. Солҳои ахир ӯ дар Лос-Анҷелеси ИМА ба сар мебурд.

Моҳи ноябри соли гузашта боз номи ӯ дар ВАО пайдо шуд. Мусоҳибаи ӯ дар бахши тоҷики сомонаи радиои Озодӣ ба табъ расид. Пайдо шудани Абдуллоҷонов дар сафҳаҳои матбуотро коршиносон ба маъракаи интихоботи президентии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон рабт дода буданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби  марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.