Роҳбари «Тоҷик Эйр»: Вазъи «Боинг» садамавӣ набуд

Date:


Дар робита ба шарҳу тавзеҳи ҳоодисаи чанде қабл бо ҳавопаймои Боинг 737-700 рухдода имрӯз ширкати ҳавопаймоии «Тоҷк Эйр» нишасти хабарӣ доир намуд.

«Пас аз ошкор гардидани камбуди кори низоми нигоҳдории баландӣ, шоми 9-уми феврал ҳавопаймо бидуни хавфе ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омада, ҳамаи 136 нафар мусофирони хатсайр бо ҳавопаймои ҳамин навъи ширкат ба пойтахти Русия парвоз карданд», – изҳор кард дар ҷамъи рӯзноманигорон мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев.

Ба қавли ӯ, дар баландии на зиёдтар аз 4,2 км низоми нигоҳдории баландии ҳавопаймо огаҳ намудааст, ки гузаштан ба баландии минбаъда ғайриимкон аст ва ҳарчанд сардори ҳайати ронандагӣ як қатор чораҳо андешида бошад ҳам, он самар надодааст ва аз ин рӯ, тасмим гирифта шудааст, ки баъди 4 соати парвоз ҳавопаймо пас аз сӯзонидани миқдори зарурии сӯзишворӣ ба фурудгоҳ баргардонида шавад.

«Ин ҳавопаймои Боинг-737-300-и ширкат 15 сол дошта, бор нахуст аст, ки дар низоми кориаш нуқсон ба мушоҳида мерасад. Мо камбудии низоми онро бартарф сохта, ба кор омода месозем. Аз рӯи ин ҳавопаймо мо тамоми пардохтҳои лизингиро анҷом дода, он пурра ба моликияти ширкат гузашт», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...