Мурофиаи аввали додгоҳии баррасии даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт имрӯз пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд. Судя Шерзод Низомов дархости ҳимоятгари даъвогар Руҳумбой Худоёровро қонеъ намуда, чунин қарор қабул кард.
Пас аз муроҷиати ҳимоятгар дар бораи ҳифзи шаъну мартабаи зерҳимояаш суд ба хонаи машваратӣ хориҷ шуда, пас аз он ба ҳозирин эълон кард, ки мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад. Ин қарори худро ӯ бо меъёрҳои Конститутсияи ҶТ ва Кодекси мурофиавӣ-шаҳрвандии ҷумҳурӣ асоснок намуд.
Дар ҳамин ҳол, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNews» Рустами Ҷонӣ барои дар реҷаи пӯшида гузаронидани мурофиа ҳеҷ асосе намебинад. Ба андешаи ӯ, «аз тамоми паҳлӯҳои ин қазия аллакай ҳама комилан хабардоранд». «Сониян, ин ҷо сирри давлатӣ ё маълумоти ба ҳаёт таҳдиддошта вуҷуд надорад», – иброз дошт вай.
Ҳимоятгари аз ҷониби Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ пешниҳодшуда ба ҷониби ҷавобгар Гулчеҳра Холматова «дар ин парванда ҷой надоштани ҳифзи шаъну мартаба» изҳори назар намуда, дархост кард, ки мурофиаи кушода гузаронида шавад.
Ба гуфтаи ӯ, даъвои Ҳукумов бобати ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ беасос аст. «Дар бораи боздошти Ҳукумов бо маводи мухаддир ВАО-и Русия зиёд навиштанд, – зикр кард ӯ. – Аз ин рӯ, «ИмрӯзNews» барои ҷомеа чизи наверо пешниҳод накард, танҳо навиштаҳои дигар ВАО-ро бознашр намуду халос».
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январ Рустам Ҳукумов ба суди ноҳияи Синои пойтахт нисбати рӯзномаи «ИмрузNews» оид ба ҳифзи шаъну эътибор даъво пеш овард. Дар аризаи даъвогӣ Р.Ҳукумов аз суд дархост намудааст, ки аз идораи рӯзнома ба манфиати ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ товони зарари маънавӣ рӯёнида шавад.
Нашри мавод дар рӯзнома таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» – и падарҳо шудаанд» аз 16-уми октябри соли гузашта ба пешниҳоди аризаи даъвогӣ боис гардидааст.
Соли 2010 Рустам Ҳукумов дар Русия ба иттиҳоми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуда, моҳи декабри соли 2011 аз рӯи ҳамин парванда бегуноҳ эътироф шуд.
Он замон аксари коршиносон эътирофи бегуноҳии Р.Ҳукумовро ба озодии халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко рабт доданд, ки соли 2011 аз ҷониби суди Қӯрғонтеппа ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум гардида, сипас бо қарори зинаи таҷдиди назари судӣ муҳлати ҷазояшон то 2 солу 6 моҳ кам ва аз толори суд озод гардида буданд.
Чӣ тавре ки қаблан раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зокир Аминов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, дар даъвояш Рустам Ҳукумов изҳор доштааст, ки ӯ ба хулосаҳои журналист дар мавриди гӯё аз ҷониби ҳукуматдорони тоҷик «иваз шудани ӯ ба халабонони русиягиву эстонӣ Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз ҳабс» қатъиян розӣ нест ва тақозо кардааст, ки ин далел аз ҷониби идораи рӯзнома собит карда шавад.


